Национальная Программа

%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%bd%d0%be%d0%bc%d0%b0

Маълумот оиди иҷроиши «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» 
дар соли 2015.

ВАЗИФАИ 1. (Баланд бардоштани сифати чорабиниҳои пешгирикунанда дар байни аҳолӣ, дар тамоми сатҳҳои низомии тандурустӣ, ҳамкории зич бо вазорату идораҳои манфиатдор барои камшавӣ ва пешгирии таъсири омилҳои хавфи кансерогении бемории саратон)

—Банди 1 . Аз моҳи  декабри  соли 2010  Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба тасвиб расидааст ва аз 1 январи 2011 мавриди амал қарор дорад. Оиди ин масъала кормандони соҳаи саратоншиносӣ доимо тариқи телевизион ва радио, дар мизи мудаввар хамасола баромадҳо мекунанд.

Банди 2,3. —Аз тарафи Агентии Тоҷикстандарт дар озмоишгоҳи ташхисии маводи ғизоӣ хамасола   зиёда аз 129,283 т. мањсулотҳои гуштӣ, 153,38т. равғани растанӣ, 9,84т. маҳсулоти макаронӣ, 314,4 т. орди гандумӣ, 13841,8 дал масулотои ғайримашруботӣ, 7,18т. маҳсулоти қаннодӣ, 1,965 т. маҳсулоти ширӣ, 136,26 т. меваю сабзавот ва даҳҳо маҳсулоти истеҳсолоти ватанию воридоти дигар ғайристандартӣ дониста шуданд. Дар маҳсулоти хўрока моддаҳои кансерогенӣ муайян карда нашуд.

—Таъмини барномаи ваксинатсияи вируси гепатити В ва ВПО. Дар озмоишгоҳи вирусологии Пажуҳишгоҳи илмию тадкикоти  4924 нафар зери омўзиши серологӣ (ИФА)  қарор дошта, натиҷаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки 15,9%-  гирифтори гепатити А,  14,5% —  гепатити В, 8,1% — гепатити С ва  4,3% — гепатити Е мебошанд, ки онҳо ҳамчун гуруҳи хавфнок  ҳисоб ёфта эҳтимолияти ба бемориҳои саратон  гирифтор шуданро доранд ва зери назорати диспансерии мутахассиони гастроэнтеролог мебошанд.

—Дар якҷояги бо Вазорати маориф ба барномаҳои таълимии муассисахои таҳсилотимиёнаи умумӣ ва олии касби силсилаи машғулиятҳо оиди пешгирии бемории саратон ворид шуданд.

—Дар якҷоягӣ бо Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати ҶТ навор ва  баромадҳо гузаронида шуда, як қатор мақолаҳо дар газета ва маҷаллаҳои Ҷумҳуриявӣ аз тарафи ходимони илмии марказ пешкаши аҳолӣ гардид.

—Кормандони МҶИС дар ҳамбастагӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим баҳри пешгирии бемории саратон раванди ташфиқи  ташаккули тарзи ҳаёти солимро вусъат бахшида истодаанд.

Барои  кормандони тибби оилавӣ ва доираи васеи аҳолӣ 27 адад маводҳои дастури оид ба пешгирии бемории саратон ва ташфиқу тарuиби тарзи ҳаёти солим  аз чоп бароварда шуда, дастраси онҳо гардонида шуд.

Дар ноҳияи Вилояти Хатлон, Суғд, Ҳисор ва Рашт лексияҳо барои мактаббачагон ва занҳо ташкил карда шуданд. Кумита дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази миллии солимии репродуктивӣ сўҳбату вохўриҳо оид ба пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани омосҳои хушсифат ва бадсифат, фавти модару кўдак, ҳамли номатлуб, камхунӣ, саратон  баргузор  намуд, ки аз ин сўҳбату вохўриҳо 878 нафар занону духтарон баҳравар гардиданд.

Бо дастгирии Вазорати тандурусти ва маориф дар ДДТТ, ДТИБКТТ, коллеҷҳои тиббӣ ба барномаҳои таълимии ин муассисаҳо силсилаи машғулиятҳо оид ба пешгирии бемории саратон ва ташфиқи тарзи ҳаёти солим ворид карда шуданд.

Барои хонандагони сини мактаби китоб оиди тарзи хаети солим бароварда шуда оиди зарари тамоку, нос ва машруботи спирти маърузахо гузаронида мешавад.

—Дар ДДТТ барои донишчуюн 10600 соати амали ва 480 соати лексиони доир ба пешгири ташхис ва табобати бемории саратон чудо карда шудасст.

—Дар ДТИБКТТ 168 нафар табибон ва 48 нафар кормандони миёнаи тиб такмили ихтисос гузаштанд.

ВАЗИФАИ 2. (Беҳтар намудани сифат ва дастрасии ҳизматрасонии   тиббӣ   оид   ба   ташхиси пешакии   омосҳои   бадсифат   дар   сатҳи КАТС,   бахши   госпиталӣ  фарогирии  васеи аҳолӣ бо муоинаи пешакӣ, таҳия ва  татбиқи барномаҳои скринингӣ, ки ба усулҳои тибби собиткунанда асос ёфтаанд)

—Скрининги саратони гадуди шири  — гузаронидани ташхиси мамографияро ба занхои  аз синни 40 сола боло, як маротиба  дар 2 сол  дар назар дорад.

—Скрининги саратони гарданаки бачадон – ташхиси ситологии молишакхоро дар занхои 30-65 сола як маротиба дар 3 сол дар бар мегирад.

—Скрининги саратони узвхои хозима – ташхиси эндоскопи ба гурухи максаднок  (эзофагогастроскопия, колоноскопия, ректоскопия)

—Скриниги саратони гадуди простатики – ПСА

Кормандони соҳа барои ташхиси бармаҳали бемории саратон бо Марказҳои тибби оилавӣ, урологӣ, колопроктологӣ, акушерӣ ва гинекологӣ, гастроэнтерологӣ, чарроҳии умумӣ робитаи мустаҳкам доранд, ба ҳар яки ин муассисаҳо шахси мутассадӣ таъин карда шудааст. Дар якҷояги машварат ва табобати беморони гирифтори саратон гузаронида мешавад.

Дар ҳамкорӣ бо марказхои солимии репродуктивӣ ва Пажуишгоҳи илми тадкикотии момодоягӣ ва гинекологӣ чорбиниҳои иттилоотӣ ва маърифати оид ба пешгирии дарёфти бармахали саратони гарданаки бачадон бо истифодаи васеи ташхиси ситологӣ ва колпоскопия гузаронида мешавад

Барои такмили ташхиси лабораторӣ анализатори иммуноферментӣ дастрас гардид, ки ин сифати ташхисро беҳар мегардонад. Айни ҳол дар ҷумҳури зиёда аз 7 лабораторияи иммуноферменти фаъолият менамояд

Барои бехтар намудани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ оид ба ташхиси пешакии омосҳои бадсифат дар сатҳи КАТС, бахши госпиталӣ бо фармоиши ВТ ҶТ паспортизатсияи таҷҳизоти эндоскопӣ ва рентгении муассисаҳои тиббию-профилактикии XТ бо мақсади муайян намудани ҳолати техникӣ ва корношоямии онҳо гузаронида шуда, дар ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ, моҳи апрели 2011 сол, таҳти муҳокима қарор дошт.

ВАЗИФАИ 3. (Ноил шудан ба сифати хуб, дастрасӣ ва такомули расонидани ёрии махсусгардонидашудаи саратоншиносӣ ба аҳолӣ бо назардошти ҷорӣ намудани технологияи муосир)

—Протоколхои ташхис ва табобати бемории саратон соли 2009 ба забони руси  ва давлати тахия шуда, соли 2014 аз нав боздид карда шуд.

—Бештар аз 400 адад протоколхо нашр шуда, дастраси муассисахо гардиданд.

—Дар муассисахои махсусгардонидашудаи саратоншиноси  дар амалия ташхис ва табобат аз руи протоколхои клиники ворид шуд.

—Бештар аз 51 адад ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқию соҳавӣ тахия шуда, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ соли 2011 тасдиқ карда шуд.

Аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашудаи ВТ ҲИА ҶТ биноҳои табобатии МҶИС аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.

Дар асоси таҳлили омори имрўзаи бемориҳои саратон, баҳри беҳдошти хизматрасонии махсусгардонидашуда дар марказ шуъбаи нав «Шуъбаи мамологӣ ва ҷарроҳиҳои реконструктивию барқарорсозӣ» таъсис дода шуд.

—Ташкили шўъбаи нурӣ дар вилояти Суғд бо омода намудани мутахассисон – радиологон, физик- дозиметрист бо воридоти дастгоҳи ТЕРАГАМ  аз тарафи МАГАТЭ  соли 2015 дастгирӣ ёфт. Сохтмони шубаи нурӣдар маркази саратоншиносии Суғд оғоз шуд.

Дар хамкори бо ширкати ТИКА–и Туркия шўъбаи кўдаконаи МҶИС таъмири  капитали  бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон гузаронида шуд.

Аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашудаи ВТ ва ХИА ҶТ дар дармонгоҳи машваратии  МҶИС таъмири капиталӣ гузаронида шуд.

ВАЗИФАИ 4. (Беҳтар намудани сифати расонидани ёрии паллиативӣ ба беморони гирифтори саратон дар сат{и кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, шабакаҳои ӯмумии табобати, муассисаҳои махсусгардонидашудаи саратоншиносӣ ва дар хона)

Хамкори бо ИЧК «Бунёди Мадад»:

—Дастгирии лоихахои гранти аз соли 2010 то 2015  барои омузонидани мутахассисон , такмил додани ёрии паллиативи.

—Протоколҳои клиники барои бедардкунӣ ва нафастангӣ таҳия шуда , аз тарафи ВТ ва ХИА тасдик гардид.

—Стандархои ёрии паллиативи тахия шуда ба ВТ ва ХИА пешкаш гардид.

Кумаки паллиативи:

—Дар соли 2014   дар МЧИС ба 1038 нафар беморон ресепти сурх барои дорувории наркотики додо шуд

—359 нафар бемор дар шуъбаи паллиативи , 153 нафар дар стақионари рузона ва 87 нафар дар хона дар дигар шуъбахо  711 нафар беморон табобати паллиативӣ ќабул карданд.

Хамкори бо шифохонаи парастории хамширахои шавкат: Аз соли 2012 дар доираи катхои мавчудбудаи ин муаасиса беморони  гирифтори саратон  низ кумаки таскини мегиранд. Дар ин шифохона 3 ҳучраи паллиативӣ дорои 12 кат (4кати кудакона, 4-занона ва 4 –мардона) фаъолият мекунад ва дар соли 2014 —  78 нафар беморон табобат гирифтанд. Соли 2014  78 бемори саратон кумаки паллиативи кабул кард.

Фонди хайриявии «Лона» дар мудати 5 соли охир шуъбаи кудаконаи  МЧИС-ро дастгири намуда, ба кудакони гирифтори саратон доруворӣ, маҳсулотҳои ёрирасон барои табобат ва хурокворӣ кумак расонида  намоишҳои идона  ташкил менамояд.

Баъди қабули Барномаи миллӣ чунин навоварӣ ва дастовардҳо дар соҳаи саратоншиносии Ҷумҳурӣ ба назар мерасанд:

—Дарёфти бемории саратон дар марҳилаҳои аввал  беҳтар шуд. Марҳалаи якум аз 50,5 % то 71,8% афзуд ва марҳалаи чорум аз 18,3 то 17,2% паст шуд.

—Фавтнокӣ дар Ҷумҳурӣ аз бемории саратон аз 33,7 ба 24,6 ба 100.000 аҳолӣ расид.

—Маблағгузории соҳаи саратоншиносӣ аз буҷаи давлатӣ дар 5 сол аз 3млн. 985634 (2010 сол) то 7 млн. 982611 ҳаз. сомонӣ расид.

—Маблағгузории МҶИС аз буҷаи давлатӣ аз 2 млн 355813 (2010 сол) то  4 млн сомони расид. Инчунин маблағгузории марказҳои саратоншиносии вилоятӣ аз буҷаи давлат зиёд шудааст.

—Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо МАГАТЭ шуъбаи нурии МҶИС пурра бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, мутахассисон дар хоричи кишвар омузонида шуданд. Лоиҳаи ташкили шуъбаи табобати нурӣ дар вилояти Суғд аз тарафи Магатэ  ва Ҳукумати ҶТ дастгирӣ ёфта сохтмон оғоз шуд.

—Бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва Лоиҳаи ТИКА  шўъбаи кудакона  таъмири капиталӣ гузаронида шуд ва бо таҷҳизотҳои нави муосир  таъмин карда шуд.

—Дорухонаҳои махсус барои фуруши дорувории кимиёдармонӣ дар Марказҳои саратоншиносӣ ташкил карда шудаанд.

—Дастрасии дорувории кимиёвӣ ва ёрирасон аз ҳисоби лоиҳаи ХОУП таъмин шуд. Таъмини дорувори аз ҳисоби буҷа ниҳоят паст мебошад (3% аз маблағи умумӣ)

—Барои ёрӣ ба кўдакони гирифтори саратон фонди хайриявии Лона фаъолият менамояд ва саҳми арзанда дорад.

—Дар Ҷумхурӣ 5 адад мамограф барои дарёфти саратони ғадуди ширӣ фаъолият намуда 2014 сол 1адад мамограф барои ВМКБ дастрас гардид.

—Лабораторияҳои иммуноферментӣ барои муаян кардани онкомаркерҳои  бемории саратон дар Ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд.

—Базаи моддию-техникии муассисаҳо аз ҳисоби дастрасии таҷҳизотҳои муосири  эндоскопӣ, рентгенӣ, ультасадо, барои бахши эҳьё ва наҷот беҳтар шуд.

—Дар амалия ҷарроҳиҳои мураккабу васеъ дар муассисаҳои махсусгардонидашуда ворид карда шуданд.

—Сафи кормандони илм дар соҳа аз ҳисоби ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ афзуд. Кадрҳои саратоншинос ба воситаи интернатура ва ординатураи клиникӣ дар ДДТТ ва ДТИБКТТ таёр карда шуда истоданд.

—Дар Маркази илмии саратоншиносӣ  дар натиҷаи таъмири капиталӣ ва дастрасии лавозимоти тиббӣ барои гузаронидани табобати паллиативӣ шароити хуб ташкил карда шуд.

—Оиди тартиб додани скрининги бемории саратон дар ҶТ ва ташкили кансер-регистр дар нақша ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмиллалӣ (ТУТ) давом дорад.

—Дар нақша  иштироки намояндагони Тоҷикистон моҳи октябри 2015 сол дар Форуми байналмилалӣ оид ба тартиб додани Барномаи мубориза бар зидди бемории саратон  ва гузаронидани конфонси илмӣ –амалӣ “Инкишофи низоми ёрии паллиативӣ дар ҶТ”  аст.